Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар минтақаи Кӯлоб ба беш аз 5 миллиард сомонӣ расонида шудааст
ДУШАНБЕ, 30.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар минтақаи Кӯлоб ба 5 миллиарду 469 миллиону 661 ҳазору 400 сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 108,6 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар бахши растанипарварӣ нишондиҳандаҳо ба 3 миллиарду 703 миллиону 533 ҳазор сомонӣ ва дар бахши чорводорӣ ба 1 миллиарду 766 миллиону 128 ҳазору 400 сомонӣ расонида шудаанд. Дар ин хусус 28 июл дар нишасти матбуотӣ роҳбарияти Раёсати кишоварзии минтақаи Кӯлоб иттилоъ доданд.
Дар нишаст гуфта шуд, ки дар 21 ҳазору 43 гектар заминҳои аз кишти асосӣ холишуда кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки 94 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар самти рушди боғдорӣ ва токпарварӣ 62 гектар боғи нав, 5 гектар токзори нав, 170 гектар боғ ва 11,1 гектар токзор барқарор карда шудааст.
Дар бахши чорводорӣ шумораи умумии чорвои калони шохдор ба 503 ҳазору 556 сар, чорвои майда ба 1 миллиону 638 ҳазору 678 сар, паранда ба 1 миллиону 109 ҳазору 937 сар ва оилаҳои занбӯри асал ба 38 ҳазору 488 адад расидааст. Дар ин давра 5163,8 тонна гӯшт, 4260,2 тонна шир, 15 миллиону 50 ҳазору 300 дона тухм ва 86,8 тонна асал истеҳсол гардидааст.
Дар нишасти хабарӣ иттилоъ дода шуд, ки дар минтақаи Кӯлоб 116 хоҷагии моҳипарварӣ, 28 фермаи парандапарварӣ, 16 хоҷагии зотпарварӣ ва 56 нуқтаи бордоркунии сунъии чорво фаъолият дошта, дар рушди соҳа саҳми назаррас мегузоранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд






