Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатии Тоҷикистон 114,3 фоиз иҷро гардидааст

Июль 23, 2026 16:10

ДУШАНБЕ, 23.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо назардошти тамоюли мусбати рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои даромад дар сатҳи 114,3 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 36 миллиарду 400 миллион сомонӣ маблағ ворид карда шуд. Дар ин хусус Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Файзиддин Қаҳҳорзода иброз дошт, ки иҷрои нақшаи даромади дохилӣ аз ҷониби Кумитаи андоз дар сатҳи 123,3 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 17 миллиарду 400 миллион сомонӣ ворид карда шуд. Ҳамзамон воридоти маблағҳо аз ҳисоби фаъолияти Хадамоти гумрук дар сатҳи 107,6 фоизи нақша таъмин гардида, ба буҷет 7 миллиарду 800 миллион сомонӣ ворид шуд.

Гуфта шуд, ки аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, ки дар қисми даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ ба инобат гирифта мешавад, дар давраи ҳисоботӣ 5 миллиарду 500 миллион сомонӣ азхуд карда шуд. Аз ин маблағ 4 миллиард сомонӣ маблағҳои грантӣ ва 1,5 миллиард сомонӣ маблағҳои қарзӣ мебошанд. Нақшаи қисми даромади буҷети ҷумҳуриявӣ дар сатҳи 116,8 фоиз таъмин шуда, ба буҷет 19 миллиарду 100 миллион сомонӣ ворид гардид.

«Ба ҳолати 1 июли соли равон дар доираи татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 5 миллиарду 500 миллион сомонӣ маблағҳо азхуд гардида, ба соҳаҳои иҷтимоӣ 624 миллион сомонӣ, соҳаҳои воқеии иқтисодиёт 4 миллиарду 800 миллион сомонӣ ва дигар соҳаҳо 72 миллион сомонӣ равона карда шудааст»,-гуфт Файзиддин Қаҳҳорзода.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 23, 2026 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад