Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон беш аз 17 миллиард сомониро ташкил медиҳад

Июль 31, 2026 09:12

ДУШАНБЕ, 31.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама бахшҳои хоҷагидории вилояти Хатлон ба 17 миллиарду 802 миллион сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 6 фоиз афзоиш ёфтааст. Аз ин маблағ беш аз 13,1 миллиард сомонӣ ба соҳаи растанипарварӣ ва 3,9 миллиард сомонӣ ба чорводорӣ рост меояд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотии Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон иттилоъ дода шуд.

Иброз гардид, ки дар шаш моҳи соли 2026 дар бахшҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дар 330 948 гектар кишти зироат гузаронида, иҷрои дурнамо 106,0 фоиз таъмин карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки яке аз соҳаҳои пешбарандаи рушди кишоварзӣ пахтакорӣ мебошад Дар вилояти Хатлон бинобар номусоидии вазъи ҳаво дар давраи кишти пунбадона ва нисбатан паст омадани ҳарорати ҳавои баҳори имсола дар аксарияти шаҳру ноҳияҳои вилоят кишти пунбадона дертар оғоз гардид. Дар вилоят дар 117 436 гектар кишти пунбадона гузаронида шуда, иҷрои дурнамои он 94,0 фоиз таъмин гардидааст.

Дар ҷараёни нишаст иттилоъ дода шуд, ки тибқи нақша имсол дар вилоят дар 200 гектар боғҳои нав бунёд мегарданд. Дар нимсолаи якуми соли 2026 дар 98 гектар боғи нав бунёд карда шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 31, 2026 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст