Афзалияти рушди устувори Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди ECOSOC муаррифӣ гардид

Июль 18, 2026 10:30

ДУШАНБЕ, 18.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 июл Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар шаҳри Ню-Йорк дар чорабинии сатҳи баланди Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид (ECOSOC) таҳти унвони «Роҳ ба сӯи соли 2030» иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни суханронӣ Абдураҳмон Абдураҳмонзода иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи Ҳадафҳои рушди устуворро дар доираи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030», ки марҳилаи сеюми амалисозии «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мебошад, идома медиҳад.

Таъкид гардид, ки самтҳои афзалиятноки рушди кишвар рушди фарогири иқтисодӣ, саноатикунонии босуръат, иқтисоди «сабз», рақамикунонӣ, рушди сармояи инсонӣ ва истифодаи самараноку устувори захираҳои табиӣ ба шумор мераванд.

Вазири рушди иқтисод ва савдо ҳамчунин пешниҳод намуд, ки Саммити Ҳадафҳои рушди устувори соли 2027 ба ҷалби сармоягузорӣ, тавсеаи дастрасӣ ба маблағгузорӣ, технология ва навоварӣ, инчунин таҳкими дастгирии кишварҳои рӯ ба тараққӣ, бахусус кишварҳои кӯҳӣ ва маҳсур дар хушкӣ равона карда шавад.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 18, 2026 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст