Афзалияти Тоҷикистон дар соҳаи энергетика дар СММ муаррифӣ гардид

Июль 26, 2026 09:30

ДУШАНБЕ, 26.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 июл Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат дар муколамаи интерактивӣ таҳти унвони «Суръат бахшидани гузариши ҷаҳонии энергетикӣ: рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ ва ҳамкории байналмилалӣ» иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад.

Зимни суханронӣ Ҷонибек Ҳикмат афзалияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи энергетика муаррифӣ намуда, иброз дошт, ки тақрибан 98 фоизи неруи барқи кишвар аз ҳисоби гидроэнергетика истеҳсол мешавад.

Инчунин аҳамияти стратегии Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва нақши он дар таъмини дастрасии васеъ ба неруи барқ, рушди иқтисодӣ ва таъсиси ҷойи нави кор таъкид гардида, се самти калидӣ — истеҳсол, маблағгузорӣ ва пайвастагии энергетикӣ ҳамчун омилҳои муҳими пешбурди гузариши энергетикӣ махсус тазаккур дода шуданд.

Иброз гардид, ки гузариши ҷаҳонии энергетикӣ бояд ба роҳҳалҳои фарогир ва устувор асос ёфта, ҳамзамон ба таъмини дастрасӣ ба неруи барқ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фароҳам овардани имконоти нав мусоидат намояд.

Ҳамзамон омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои идомаи муколамаи созанда ва густариши ҳамкории амалӣ бо шарикони байналмилалӣ дар самти рушди энергетикаи тоза изҳор карда шуд.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ

Июль 26, 2026 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд