Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҳамкорӣ ва рушди тиҷорати электронии Роҳи абрешим иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 23.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 21 то 23 июл дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин Форуми ҳамкорӣ ва рушди тиҷорати электронии Роҳи абрешим баргузор шуд. Дар кори он роҳбарияти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқаи Тоҷикистон хабар доданд, форум таҳти унвони «Имконот ва таҷрибаҳои тиҷорати электронӣ дар давраи зеҳни сунъӣ» доир гардида, дар он дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва соҳаи алоқа муаррифӣ карда шуданд.
Муовини сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Шоҳназар Холназарзода иброз дошт, ки Тоҷикистон нахустин кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки Стратегияи миллии рушди зеҳни сунъиро қабул намудааст. Инчунин намояндаи Тоҷикистон оид ба рушди шабакаҳои 5G дар мамлакат, беҳтар шудани суръати интернет, кушодани масирҳои нави транзитии ҷанубӣ ва татбиқи лоиҳаҳои минтақавии CASA ибрози андеша намуд.
Ҳайати Тоҷикистон инчунин шарикони байналмилалиро ба сармоягузорӣ дар долони рақамии CASA, ҳамкорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва рушди тиҷорати электронӣ даъват намуд. Гуфта шуд, ки Тоҷикистон барои ҳамкории рақамӣ имконоти воқеӣ, заминаи ҳуқуқӣ ва бозори ҷавони рушдёбанда пешниҳод мекунад.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






