Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидори саноатии вилояти Брест шинос гардид
ДУШАНБЕ, 31.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо якчанд корхонаи пешқадами саноатии вилояти Брест шинос шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Беларус хабар доданд, аъзои ҳайат бо минтақаи озоди иқтисодии “Брест”, Корхонаи хусусии истеҳсолию тиҷоратии воҳиди “Сифания-Экотехника”, гурӯҳи ширкатҳои “СТиМ”, инчунин Корхонаи воҳиди “Гефест-Техника” шинос шуданд.
Зимни боздид аъзои ҳайати Тоҷикистон бо иқтидори истеҳсолии корхонаҳо, технологияҳои муосир, маҳсулоти истеҳсолшаванда ва иқтидори содиротии онҳо шинос шуданд. Дар доираи шиносоӣ таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои маҳаллисозии истеҳсолот, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, рушди ҳамкории саноатӣ ва тавсеаи ҳамкории сармоягузорӣ зоҳир гардид.
Намояндагони корхонаҳо дар бораи фаъолият, лоиҳаҳои амалишаванда ва дурнамои ҳамкорӣ ба шарикони тоҷикистонӣ маълумот пешниҳод намуда, барои рушди ҳамкории мутақобили судманд изҳори омодагӣ карданд.
Боздид аз иншооти саноатии вилояти Брест имкон фароҳам овард, ки самтҳои ояндадори ҳамкории амалӣ байни доираҳои соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус муайян гардида, ҳамзамон манфиати мутақобили ҷонибҳо барои рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бори дигар таъкид карда шуд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Беларус








Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд






