Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 24.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд, ҷаласа таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шарикони иҷтимоӣ гузаронида шуд.
Дар ҷаласа масъалаи ҷараёни иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2026 дар нимсолаи якуми соли 2026» баррасӣ гардид.
Зимни ҷаласа Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода оид ба натиҷаҳои татбиқи нақшаи чорабиниҳои созишнома дар нимсолаи якуми соли 2026 доир ба иҷрои уҳдадориҳои пешбинишудаи тарафҳо, тадбирҳои амалигардида дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоию меҳнатии шаҳрвандон, рушди шуғли аҳолӣ, беҳтар намудани шароити меҳнат ва густариши ҳамкории иҷтимоӣ сухан гуфт.
Инчунин аз ҷониби шарикони иҷтимоӣ гузоришҳо оид ба саҳми сохторҳои намояндагии кормандон ва корфармоён дар татбиқи Созишномаи генералӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоию меҳнатӣ ва таҳкими муколамаи иҷтимоӣ пешниҳод гардиданд.
Иштирокчиёни ҷаласа масъалаҳои муҳими соҳаи меҳнат, аз ҷумла сари вақт пардохт шудани музди меҳнат, беҳтар намудани ҳифзи иҷтимоии кормандон, такмили шартномаҳои коллективӣ ва иҷрои уҳдадориҳои вазорату идораҳоро баррасӣ карданд. Ҳамчунин ба масъалаи тақвияти ҳамкории байни давлат, иттифоқҳои касаба ва корфармоён таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар натиҷаи баррасии масъалаҳо ба вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шарикони иҷтимоӣ вазифаҳои мушаххас дода шуд. Комиссия аз рӯи натиҷаи ҷаласа қарори дахлдор қабул намуд.
Таъкид шуд, ки иҷрои босифати созишномаи генералӣ ва тақвияти ҳамкории сеҷонибаи давлат, иттифоқҳои касаба ва корфармоён барои таъмини суботи иҷтимоӣ, рушди муносибатҳои меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон аҳаммияти муҳим дошта, иҷрои қарорҳои қабулгардида таҳти назорати доимӣ қарор мегирад.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд






