Ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд

Июль 23, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 23.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 июл дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд, ҷаласа таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон–раиси Шуро Дилрабо Мансурӣ бо иштироки аъзои Шуро аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, инчунин намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гузаронида шуд.

Зимни пешниҳоди ҳисобот натиҷаҳои фаъолияти шуроҳои маҳаллӣ, корҳои анҷомдода дар самти эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, омода намудани ҳунармандони нав, ташкили намоишу фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ, инчунин мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои ҳалли онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Иброз гардид, ки шуроҳои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият намуда, дар ҳамоҳангсозии сиёсати давлатӣ оид ба рушди ҳунармандӣ, дастгирии ҳунармандон, эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ, ташкили даврҳои омӯзиши ҳунарҳои миллию муосир ва ҷалби аҳолӣ, бахусус занону ҷавонон ба касбомӯзӣ нақши муҳим доранд.

Дар ҷаласа нақшаи кори шуро барои нимсолаи дуюми соли 2026 қабул гардида, масъалаҳои дигари марбут ба рушди соҳаи ҳунармандӣ баррасӣ ва барои иҷрои саривақтии вазифаҳои муайяншуда қарори дахлдор қабул гардид.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 23, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд