Ҳамкории Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Ҳанкуки Кореяи Ҷанубӣ густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 16.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон гӯшаи китобҳои Корея мавҷуд буда, хоҳишмандон дар маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба омӯзиши забони кореягӣ фаро гирифта мешаванд. Дар ин хусус директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода зимни вохӯрӣ бо намояндагони Донишгоҳи забонҳои хориҷии Ҳанкуки Кореяи Ҷанубӣ Саера Кван ва Чу Дайон иттилоъ дод.
Иброз гардид, ки дар китобхона шуъбаи дастхатҳои Шарқ фаъолият мекунад, ки дорои беш аз 2000 дастнавис мебошад. Бештари ин дастнависҳо чопи сангӣ буда, қадимтарин дастхат китоби «Таърихи Табарӣ»-и Муҳаммад Ҷарири Табарӣ мебошад. Он дар асрҳои XIII-XIV милодӣ бо хати настаълиқ китобат шудааст, ки яке аз нусхаҳои нодир дар фонди шуъба маҳсуб мешавад.
Ҳайати Донишгоҳи забонҳои хориҷии Ҳанкуки Кореяи Ҷанубӣ изҳор доштанд, ки донишгоҳи онҳо тақрибан бо 100 кишвари ҷаҳон ҳамкорӣ дорад.
Донишгоҳ дар ҷаҳон бо сифати баланди таълими забонҳо ва муносибатҳои байналмилалӣ шинохта шуда, донишҷӯёнаш метавонанд дар барномаи мубодилаи академӣ иштирок намоянд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар донишгоҳ беш аз 45 забони хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои Африқо ва Осиёи Марказӣ таълим дода мешавад.
Ҳадафи сафари намояндагони Донишгоҳи забонҳои хориҷии Ҳанкуки Кореяи Ҷанубӣ анҷом додани пажӯҳиши илмӣ ва омӯзиши адабиёти марбут ба давраи Сомониён ва ҳамкории судманди дуҷониба мебошад.
АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон








«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид






