Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии вилоятҳои Суғд ва Ботканд густариш меёбад

Июль 22, 2026 16:02

ДУШАНБЕ, 22.07.2026/ АМИТ «Ховар»/. 21 июл дар шаҳри Гулистон вохӯрии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Мамирҷон Раҳимов доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, мубодилаи таҷриба, афзоиши гардиши молу маҳсулот ва иҷрои дастуру супоришҳои сарони давлатҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таъкид гардид, ки вилояти Суғд ва вилояти Ботканд бо назардошти мавқеи ҷуғрофӣ ва шароити якхелаи иқлимӣ имконияти васеи ҳамкорӣ доранд. Аз ҷумла, метавон дар бахшҳои кишоварзӣ, саноат, таъсиси корхонаҳои муштарак, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок ҳамкориро густариш дод.

Гуфта шуд, ки ба имзо расидани Декларатсияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон 31 марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд, инчунин ифтитоҳи стеллаи рамзӣ дар нуқтаи пайванди сарҳади давлатии се мамлакат рӯйдоди таърихӣ буда, барои таҳкими сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди ҳамкории минтақавӣ заминаи устувор гузошт.

Вилояти Суғд имрӯз дар доираи татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат ва омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон босуръат рушд карда, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят садҳо корхонаҳои нави истеҳсолӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд. Маҳсулоти истеҳсолшаванда хусусияти воридотивазкунанда ва содиротӣ дошта, дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми назаррас мегузорад.

Ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Мамирҷон Раҳимов гуфт, ки сафари ҳайати вилояти Ботканд бо мақсади таҳкими робитаҳои байнивилоятӣ ва ташкили ҳамкории нави иқтисодӣ анҷом дода мешавад. Дар вилояти Ботканд ба рушди соҳаҳои кишоварзӣ, бахусус чорводорӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад. Роҳбарияти вилоят омодаи тавсеаи ҳамкорӣ бо вилояти Суғд дар самтҳои саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, тандурустӣ, варзиш, чорводорӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июль 22, 2026 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд