Ҳамкории Тоҷикистону Муғулистон дар самти таҳқиқоти геологӣ таҳким меёбад
ДУШАНБЕ, 21.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Муғулистон маросими табодули санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид. Дар ҳузур ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух 12 санад, аз ҷумла Ёддошти тафоҳум байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти миллии геологияи Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳқиқоти геологӣ табодул карда шуд.
Маркази матбуоти Саридораи геология ба имзо расидани ин Ёддошти тафоҳумро қадами муҳим дар густариши ҳамкории ду кишвар дар соҳаи геология арзёбӣ намуда, иттилоъ дод, ин санад барои мубодилаи таҷриба, татбиқи технологияҳои нав, гузаронидани таҳқиқоти муштараки геологӣ, омӯзиши захираҳои маъданӣ ва омода намудани мутахассисон замина фароҳам меорад.
Ҳамчунин, он метавонад ба ҷалби сармоягузорӣ ва истифодаи самараноки сарватҳои зеризаминии ҳар ду кишвар мусоидат намояд.
Имзои Ёддошти тафоҳум нишонаи таҳкими муносибатҳои дӯстона ва тавсеаи ҳамкории судманд байни Тоҷикистон ва Муғулистон дар самти геология ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ мебошад.
АКС: АМИТ “Ховар”








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






