«Амонатбонк» ба 143 муштарӣ дар ҳаҷми 8,5 миллион сомонӣ қарзи ипотекӣ пешниҳод намуд
ДУШАНБЕ, 19.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дастгирии аҳолӣ ва соҳибкорӣ соли равон меъёри фоизии якчанд маҳсулоти қарзӣ дар «Амонатбонк» паст карда шуд. Дар ин хусус дар нишасти матбуотӣ Раиси Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Алиҷон Салимзода ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки дар ин давра меъёри қарзҳо барои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз 18 ба 16 фоиз ва барои соҳаи саноат аз 18 ба 15 фоиз коҳиш дода шуд. Ҳамзамон дар ин давра «Амонатбонк» ба 143 муштарӣ ба маблағи умумии 8,5 миллион сомонӣ қарзи ипотекӣ пешниҳод намуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 40,7 фоиз ва теъдоди қарзгирандагон 24,4 фоиз афзоиш ёфтааст.
Инчунин дар доираи ҳамкории «Амонатбонк» бо ширкатҳои сохтмонӣ меъёри қарзҳои ипотекӣ ба 14 фоизи солона баробар гардида, муҳлати истифодаи онҳо то 10 сол муқаррар карда шудааст. Раиси «Амонатбонк» таъкид намуд, ки тадбирҳо ба беҳтар гардидани дастрасии шаҳрвандон ба маблағгузории манзил ва рушди фаъолияти истеҳсолию соҳибкорӣ мусоидат менамояд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамкориро дар самти таҳкими низоми молиявию бонкӣ густариш медиҳанд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1040 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд






