Ҳавопаймои нави Boeing 737-8 MAX ба Тоҷикистон ворид карда шуд

Июль 27, 2026 13:20

ДУШАНБЕ, 27.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ ва тавсеаи имконоти ҳамлу нақли ҳавоӣ нахустин ҳавопаймои нави Boeing 737-8 MAX ба парки ҳавопаймоии ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр» ворид гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳавопаймои нави Boeing 737-8 MAX ба шарафи донишманди бузурги тоҷик, файласуф ва табиби маъруфи асримиёнагӣ Абӯалӣ ибни Сино номгузорӣ шудааст.

Боиси тазаккур аст, ки бо дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи авиатсияи мамлакат солҳои охир рушди назаррас дошта, барои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва густариши иртиботи ҳавоӣ тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ мегарданд.

Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо аз тамоми имконияти мавҷуда истифода намуда, ҳамкориро бо Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) ва мақомоти авиатсияи граждании кишварҳои ҷаҳон тақвият медиҳад.


Ворид гардидани ҳавопаймои нави Boeing 737-8 MAX барои рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ, боз ҳам васеъ намудани шабакаи хатсайрҳои байналмилалӣ, зиёд кардани шумораи парвозҳо ва беҳтар гардидани сифати хизматрасонӣ ба мусофирон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Тибқи нақша, ин ҳавопаймо нахуст дар хатсайрҳои байналмилалӣ ба самтҳои Душанбе – Сеул, Душанбе – Пекин, Душанбе – Минск ва Душанбе – Лондон парвозҳо анҷом дода, минбаъд дар дигар самтҳо низ истифода хоҳад шуд.

Ҳамчунин то охири моҳи августи соли равон боз як ҳавопаймои нави Boeing 737-8 MAX ба парки ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ворид карда мешавад, ки имкон медиҳад дар доираи талаботи «Барномаи давлатии рушди авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва амалисозии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи сиёсати «Осмони кушод» имконияти ҳамлу нақли ҳавоӣ боз ҳам густариш ёбанд.

 

АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 27, 2026 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд