Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст

Июль 21, 2026 10:39

ДУШАНБЕ, 21.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ба амал омадани чангу ғубор, бориши борон ва селҳои маҳаллӣ дар назар аст.

Тавре аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, 21-22 июл дар баъзе ноҳияҳои ҷумҳурӣ шамол аз самти ғарб бо суръати 13-18 ва дар баъзе ҳолатҳо то 20-25 метр дар як сония мевазад. Шамол бо чангу ғубор ва тирашавии ҳаво дар назар буда, боиси бадшавии биниш дар роҳҳо мегардад.

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борон меборад.

Аз 21 то 23 июл бо сабаби бориши борон дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла дар вилояти Суғд (ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент) омадани селҳои маҳаллӣ дар назар аст.

22-23 июл инчунин дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сабаби омилҳои метеорологӣ (хокборише, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва ҷанубӣ ба мамлакат ворид мегардад) баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг), заррачаҳои андозаашон то 10мкр (Рм-10) ва заррачаҳои андозаашон то 2,5мкр (Рм-2,5) пешгӯӣ мешавад.

Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар чунин вазъи номусоиди обу ҳаво тадбирҳои эҳтиётӣ андешанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 21, 2026 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид