Аз ҷониби Донишгоҳи техникӣ 74 номгӯй дастуру воситаҳои таълимӣ ва 7 китоби дарсӣ ба нашр расонида шуд

Июль 28, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 28.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи якуми соли равон аз ҷониби ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ 74 номгӯй дастуру воситаҳои таълимӣ ва 7 китоби дарсӣ таҳия ва ба нашр расонида шуданд. Ин нишондиҳанда ба таҳкими заминаи таълимӣ-методӣ, такмили мазмуни барномаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисони соҳавӣ мусоидат менамояд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ иброз гардид.

Дар нишасти матбуотӣ иброз гардид, ки аз 1834 хатмкунанда 1724 нафар ба имтиҳонҳои давлатии фанҳои тахассусӣ роҳ дода шуданд. Аз ҷумла, 462 нафар бо баҳои «аъло», 716 нафар бо баҳои «хуб» ва 510 нафар бо баҳои «қаноатбахш» натиҷаҳои мусбат ба даст оварда, 59 донишҷӯ донишгоҳро бо Дипломи сурх хатм намуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 28, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд