Аз ҷониби намояндагии Тоҷикистон дар СММ чорабинии канорӣ оид ба ҳамкории зеҳни сунъӣ барои рушди устувор доир шуд

Июль 18, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 18.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор (HLPF) дар шаҳри Ню-Йорк таҳти унвони «Аз тафовут то дивиденди зеҳни сунъӣ: роҳҳои амалии ҳамкории Ҷануб–Ҷануб ва ҳамкории сеҷониба оид ба рушди устувор ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар кишварҳои Ҷануб» чорабинии канорӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Чорабинӣ аз ҷониби Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ ва Дафтари СММ оид ба ҳамкории Ҷануб–Ҷануб (UNOSSC) ташкил карда шуд.

Дар он Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо сухан гуфта, аҳаммияти зеҳни сунъиро ҳамчун воситаи мусоидаткунанда ба рушди устувор, инноватсия ва беҳтар намудани хизматрасониҳои давлатӣ иброз намуд.

Хуршед Мирзо ҳамзамон зарурати тақвияти ҳамкории байналмилалиро барои рафъи мушкилоти марбут ба инфрасохтори рақамӣ, рушди иқтидори инсонӣ, маблағгузорӣ ва таъмини идоракунии масъулонаи зеҳни сунъӣ таъкид кард.

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон раванди таҳаввулоти рақамиро тавассути татбиқи «Стратегияи миллии зеҳни сунъӣ то соли 2040» ва таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ – IT HUB DUSHANBE пеш мебарад. Ин ташаббус ба рушди ҳамкории минтақавӣ дар самтҳои омӯзиш, таҳқиқот, инноватсия ва истифодаи масъулонаи технологияҳои нав равона шудааст.

Чорабинӣ намояндагони давлатҳои аъзои СММ, ташкилоти минтақавӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ҷомеаи академиро ба ҳам оварда, ба пешбурди муколамаи ҷаҳонӣ оид ба таҳкими ҳамкории Ҷануб–Ҷануб ва ҳамкории сеҷониба, инчунин таъмини истифодаи зеҳни сунъӣ барои рушди устувор ва фарогир мусоидат намуд.

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 18, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд