Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад

Июль 20, 2026 11:30

ДУШАНБЕ, 20.07.2926 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади рушди сайёҳии дохилӣ, муаррифии имконияти бойи таърихиву фарҳангӣ ва табиии кишвар, тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии кормандон тибқи дастури Раиси шаҳри Душанбе барои кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт ва сохторҳои он аз моҳи июл то моҳи октябр силсилахатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ташкил карда мешаванд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд, татбиқи иқдоми мазкур дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди сайёҳии дохилӣ ба роҳ монда шуда, баргузории хатсайрҳо дар рӯзҳои истироҳатӣ то моҳи октябри соли равон пешбинӣ гардидааст.

Дар доираи барнома кормандони мақомоти шаҳр, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва аъзои Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон аз мавзеъҳои муҳими сайёҳӣ, таърихӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ боздид менамоянд.

Барномаи хатсайрҳо сафар ба самтҳои Душанбе – Рашт – Нуробод – Душанбе, Душанбе – Балҷувон – Ховалинг – Душанбе, Душанбе – Норак – Душанбе, Душанбе – Ромит (Арху) – Душанбе, Душанбе – Айнӣ (Искандаркӯл) – Душанбе, Душанбе – Данғара – Восеъ – Кӯлоб – Муъминобод – Душанбе, Душанбе – Роғун – Душанбе ва Душанбе – Ҳисор – Душанберо дар бар гирифта, зимни онҳо иштирокчиён бо имконоти сайёҳӣ, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, захираҳои табиӣ ва инфрасохтори сайёҳии минтақаҳои гуногуни кишвар аз наздик шинос мешаванд.

Ҳамзамон дар доираи ҳар хатсайр баргузории ҳамоишҳои маърифатӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намоиши филмҳои ватандӯстона («Эмомалӣ Раҳмон — ҳомии сулҳи ҷаҳон», «Марде аз сарнавишт» ва «Рустам ва Суҳроб»), дарсҳои омӯзишӣ оид ба рушди сайёҳӣ, сайёҳии экологӣ ва кӯҳгардӣ, ҳифзи муҳити зист, инчунин чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ва варзишӣ пешбинӣ шудаанд.

Хатсайри нахустин 18 июл оғоз гардид. Иштирокчиёни он аз шаҳри Душанбе ба самти ноҳияҳои Рашт ва Нуробод сафар намуда, бо имконоти сайёҳии ин минтақаҳо, бахусус иқтидори агросайёҳӣ ва мавзеъҳои табииву фарҳангии онҳо шинос шуданд.

Дар доираи барнома иштирокчиён аз мавзеъҳои ҷолиби сайёҳии ноҳияи Рашт, аз ҷумла Боғи ботаникӣ, Осорхонаи кишваршиносии «Кӯҳсори Аҷам» ва дараи зебоманзари Камароб боздид намуда, аз табиати дилфиреб, манзараҳои нотакрори кӯҳистон, ҳавои мусаффо ва имконияти фаровони сайёҳии ин гӯшаи зебоманзари кишвар баҳравар гардиданд. Инчунин барои иштирокчиён чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ташкил карда шуд.

Шоми 18 июл дар ноҳияи Нуробод онҳо филми ҳуҷҷатии «Эмомалӣ Раҳмон — ҳомии сулҳи ҷаҳон»-ро ба таври дастҷамъӣ тамошо карданд.

Дар идомаи сафар иштирокчиён дар ноҳияи Нуробод аз Намоишгоҳи аксҳо доир ба ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо боздид намуда, бо ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи захираҳои обӣ ва пиряхҳо аз наздик шинос шуданд.

Сипас иштирокчиён бо боғи фарҳангу фароғатии ноҳияи Нуробод ва фазои сабзу хуррами он шинос шуда, аз табиати зебо, муҳити форам ва имконияти фароғатии ин мавзеъ баҳравар гардиданд.

Ҳамчунин иштирокчиён аз мавзеи сайёҳии «Чашмаи Боғаланг» боздид намуда, бо имконияти сайёҳии табиӣ ва манзараҳои нотакрори ин гӯшаи зебоманзари ноҳия шинос шуданд.

Дар идома бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштирок ва суханронии Раиси ноҳияи Нуробод ҳамоиши маърифатӣ баргузор шуд.

Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин дастоварди миллати тоҷик буда, маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешрафту созандагии бесобиқа ноил гардида, барои зиндагии шоистаи мардум ва рушди устувори тамоми соҳаҳо заминаи мусоид фароҳам овардааст.

«Ин ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таҳкими фарҳанги сайёҳии дохилӣ, муаррифии захираҳои ғании сайёҳии Тоҷикистон, ташвиқи истироҳати фаъол ва густариши маърифати сайёҳии кормандони сохторҳои давлатӣ мусоидат намуда, ҳамзамон барои тарғиби имконияти сайёҳии кишвар дар байни ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меорад», — шарҳ доданд аз шуъбаи рушди сайёҳии пойтахт.

АКС: шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе/Dushanbe-travel

Июль 20, 2026 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид