Аз Тоҷикистон 3,7 миллион дона тухм, 324,3 ҳазор сар чӯҷа ва 360 оилаи занбӯри асал содирот гардид
ДУШАНБЕ, 10.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар 6 моҳи соли равон рушди содирот дар бахши чорводорӣ ва парандапарварӣ назаррас буда, дар ин давра 3,7 миллион дона тухм, 324,3 ҳазор сар чӯҷа, 360 оилаи занбӯри асал ва 33 тонна моҳӣ ба хориҷи кишвар интиқол дода шуд, хабар доданд 9 июл зимни нишасти матбуотии Вазорати кишоварзиии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
«Дар баробари таъминоти бозори истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти худӣ, тибқи маълумоти гумрукӣ, дар 6 моҳи соли 2026 аз ҷумҳурӣ 74,3 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 39,9 миллион доллари ИМА содирот карда шудааст. Маҳсулоти кишоварзӣ ба 21 давлати дуру наздик роҳ ёфта, 89 фоизи он ба кишварҳои ИДМ ва 11 фоиз ба давлатҳои хориҷи дур рост меояд»,-гуфта шуд дар нишаст.
Маҳсулоти кишоварзии содиротшуда, аз ҷумла сабзавот 21,8 ҳазор тонна, меваҷоти тару тоза 10,6 ҳазор тонна, меваи хушк 39,9 ҳазор тонна, чормағзмева 746 тонна, полизӣ 102 тонна, моҳӣ 33 тонна ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ 822 тоннаро ташкил медиҳанд.








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






