Аз Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат ба маблағи беш аз 73 миллион доллар нахи пахта содирот гардид

Июль 10, 2026 19:00

ДУШАНБЕ, 10.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат ба маблағи 73 миллиону 500 ҳазор доллар нахи пахта содирот шудааст, ки нисбат ба 6 моҳи соли 2025  18 миллиону 900 ҳазор доллар  зиёд мебошад. Дар ин хусус имрӯз директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Нахи пахта асосан ба Эрон 61,8 фоиз, Туркия 25,5 фоиз, Чин 8 фоиз, Русия 3 фоиз, Узбекистон 1,1 фоиз, Латвия 0,4 фоиз ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ 0,2 фоиз содирот шудааст.

«Инчунин аз ҷониби Агентии содирот дар шашмоҳаи якуми соли равон бо иқтидори худӣ ва бе ҷалби маблағҳои буҷети давлатӣ 26 ҳазору 300 тонна ба маблағи 392 миллиону 600 ҳазор сомонӣ нахи пахта харидорӣ ва содирот гардид»,-иброз дошт директори Агентии содирот.

Бояд гуфт, ки 16 декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба масъулини соҳа дастур доданд, ки «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026 – 2030» таҳия ва амалӣ гардад.

Ҳукумати мамлакат вазифадор гардид, ки бо назардошти нақши соҳаи пахтакорӣ дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор, истеҳсоли ашёи хом барои рушди саноати сабуку хӯрокворӣ ва афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулот механизми таъмин намудани рушди устувори соҳаи пахтакориро амалӣ намояд.

30 июн дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул карда шуд.

 Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар» 

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 10, 2026 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад