Аз Тоҷикистон ба маблағи 1,8 миллион доллар олуболу ва гелос содирот шудааст

Июль 19, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 19.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон аз ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 1 ҳазору 450 тонна ба маблағи 1 миллиону 800 ҳазор доллар олуболу ва гелос содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 543 ҳазору 200 доллар ё 41,7 фоиз зиёд мебошад.

Тибқи иттилои Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷагропромэкспорт»-и агентӣ дар ҳаҷми беш аз 975 тонна ба маблағи 5 миллиону 500 ҳазор сомонӣ олуболу ва гелос содирот шудааст.

Инчунин дар ин давра аз мамлакат дар ҳаҷми 1 ҳазору 403 тонна ба маблағи беш аз 744 ҳазор доллар зардолу, аз ҷумла аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷагропромэкспорт» дар ҳаҷми 715 тонна ба маблағи 3 миллиону 400 ҳазор сомонӣ зардолу содирот карда шудааст.

АКС аз бойгонӣ

Июль 19, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд