Аз Тоҷикистон ба маблағи беш аз 40 миллион доллар маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст

Июль 15, 2026 10:21

ДУШАНБЕ, 15.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон аз Тоҷикистон ба маблағи 40 миллиону 500 ҳазор доллар маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 ба маблағи 6,7 миллион доллар ё 19,7 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотии Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Аз ин миқдор аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷагропромэкспорт»-и Агентии содирот ба маблағи 59 миллиону 700 ҳазор сомонӣ дар ҳаҷми 21 ҳазору 900 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст.

Аз маблағи умумии 40 миллиону 500 ҳазор доллар ба маблағи 26,5 миллион доллар меваи хушк, 7 миллион доллар меваҷот, 6 миллион доллар сабзавот ва 1 миллион доллар дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст.

Гуфта шуд, ки бо мусоидати Агентии содирот ва ҳамкорӣ бо хоҷагиҳои деҳқонӣ дар мавсими ҷамъоварии ҳосили меваю сабзавоти баҳорӣ содироти якчанд намуди маҳсулоти кишоварзӣ ба роҳ монда шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 15, 2026 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд