Ба 12 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид
ДУШАНБЕ, 27.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Фурқати Ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба 12 оилаи аз офати табиӣ зарардида, ки бар асари селфароӣ зарар дида буданд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҳар оилаи зарардида дар деҳаи Навбаҳори Ҷамоати деҳоти Дӯстӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба масоҳати 6 садяк аз мавзеи бехавф ҷудо карда шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар айни замон дар ин мавзеъ сохтмони манзилҳои нави истиқоматӣ идома дошта, барои ҳарчи зудтар бо хонаҳои нав таъмин намудани оилаҳо корҳои сохтмонӣ вусъат гирифтаанд.
Раиси вилояти Хатлон ба ҳар оилаи зарардида 10 ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ ва инчунин маҳсулоти мавриди ниёзи аввал тақдим намуд.
Таъкид гардид, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар паҳлуи мардум қарор дошта, дар рӯзҳои душвору вазнин барои бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ ва дастгирии шаҳрвандони зарардида тамоми имкониятро равона менамояд.
Сокинони зарардида барои дастгирии пайвастаи роҳбарияти давлат ва мақомоти маҳаллӣ изҳори сипос намуда, баён доштанд, ки бо чунин ғамхорӣ ва дастгирӣ дар муҳлати кӯтоҳ соҳиби манзилҳои нави истиқоматӣ хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки 2 майи соли 2026 дар натиҷаи бориши шадиди борон, омадани сел ва баланд гардидани сатҳи обҳои зеризаминӣ дар деҳаи Фурқат шусташавии замин ба амал омада, 12 манзили истиқоматии шаҳрвандон зери хатари ҷиддӣ қарор гирифт. Бо мақсади таъмини амнияти сокинон ва пешгирии пайомадҳои эҳтимолӣ тадбирҳои фаврӣ андешида шуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд






