Ба 200 нафар занон — ғолибони лоиҳаҳои гранти президентӣ дар соли 2026 Диплом супорида шуд
ДУШАНБЕ, 18.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 июл дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 200 нафар занон-ғолибони лоиҳаҳои гранти президентӣ Диплом супорида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд.
Зимни маросими супоридани Диплом ба ғолибони лоиҳаҳо Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода аз ташаббус ва иқдоми пайвастаи Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии занон ва фаъолияти ҳунармандию соҳибкории онҳо ёдовар шуд.
Иброз гардид, ки маҳз тавассути чунин тадбирҳои судманди роҳбарияти олии мамлакат сатҳи зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ оварда, занон бо фаъолияти густурда дар рушди иқтисоди миллии мамлакат саҳми назаррас мегузоранд.
Иттилоъ дода шуд, ки барои рушди соҳибкории занон бо ташаббус ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2006 то соли 2025 барои 1 ҳазору 395 нафар занон 45 миллиону 460 ҳазор маблағи грант ҷудо гардида, 6 ҳазору 833 ҷойи кор таъсис дода шуд, ки ба рушди иқтисодии оилаҳо мусоидат намуд.
Ҳоло дар мамлакат 110 ҳазору 530 нафар соҳибкорзанон ба қайд гирифта шудаанд, ки дар рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2025 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 200 грант ба андозаи 15 миллион сомонӣ расонида шуданд (соли 2024 120 грант ба маблағи 5 миллион сомонӣ), яъне ҳаҷми грантҳои президентӣ 3 баробар зиёд карда шуд.
Тибқи ин қарор, аз соли 2025 то соли 2030 ҳар сол ба андозаи 15 миллион сомонӣ 200 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон равона мегардад, ҷудо карда мешавад.
Ин иқдом нишон медиҳад, ки грантҳои президентӣ дар мамлакат дар рушди соҳибкории занон ва таъмини ҷойи нави кор барои занону духтарон нақши муҳим доранд.
Вазъи иқтисодии ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон ва махсусияти иқтисоди бозаргонӣ барои доираи фаъолияти соҳибкории занон имконияти бештар фароҳам овардааст. Ин аст, ки теъдоди занони соҳибкор рӯз ба рӯз меафзояд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд






