Ба истироҳатгоҳи «Ҳамсафар» зиёда аз 300 кӯдак ҷалб мешавад
ВАҲДАТ, 12.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар истироҳатгоҳи «Ҳамсафар»-и Раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат, ки дар дараи Ромит ҷойгир аст, 114 нафар кӯдакону наврасони муассисаҳои таълимӣ дар басти якум ба истироҳати бофароғат фаро гирифта шуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори мавсимии истироҳатгоҳи «Ҳамсафар» Саидҳасан Наимов иттилоъ дод.
Соли равон истироҳатгоҳи «Ҳамсафар» дар се баст бо фарогирии зиёда аз 300 нафар кӯдакону наврасон фаъолият мекунад. Дар ҳар басти он кӯдакони ятим ва аз оилаҳои камбизоат барои истироҳату солимгардонӣ фаро гирифта мешаванд.
Мураббияи истироҳатгоҳ Меҳрангез Амонова иброз дошт, ки истироҳатгоҳ на танҳо таътили доимии тобистона, балки қадами муҳим дар роҳи ба камол расидани кӯдакон мебошад. Имрӯзҳо дар истироҳатгоҳи «Ҳамсафар» мураббиёни ботаҷриба бо иштироки истироҳаткунандагон чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ ва варзишҳои пагоҳирӯзиро дар сатҳи баланд баргузор менамоянд. Инчунин истироҳаткунандагон аз шароити беҳтарини истироҳатгоҳ истифода намуда, бо се вақт хӯроки гарм таъмин мебошанд. Кӯдакону наврасон дар баробари фароғату истироҳат бо табиати бою рангини Тоҷикистон дар минтақаи Ромит шинос шуда, давраи таътили тобистонаашонро хотирмон мегузаронанд.
«Бояд гуфт, ки истироҳатгоҳ имконияти хубест, ки кӯдак мустақил ва масъулиятшинос шавад. Муваққатан озод шудани кӯдак аз нигоҳубини волидайн имкон медиҳад, ки он ҳисси худшиносиро инкишоф диҳад ва ба сатҳи нави рушди шахсият гузарад. Дар истироҳатгоҳ кӯдак имконият пайдо мекунад, ки малакаи пурқимати муоширатро аз худ кунад, дар ҷамъият кор карданро ёд гирад, доираи дӯстону шиносҳоро васеъ намояд»,- гуфт Меҳрангез Амонова.
Таъминотчии истироҳатгоҳи «Ҳамсафар» Гулрафтор Муродова иброз дошт, ки имсол аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои таъмири истироҳатгоҳ 27 ҳазор сомонӣ ва барои харидани маҳсулоти хӯрокворӣ барои истироҳаткунандагон 72 ҳазор сомонӣ маблағ равона шудааст. Ҳамчунин истироҳатгоҳ як қисми кӯдакону наврасонро бо роҳхати иттифоқҳои касабаи кормандони сохтори давлатӣ қабул менамояд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








11 август дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад
«МЕЪМОР-2026». Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҷамъбаст шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли равғани растанӣ зиёд гардидааст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт чор иншооти нав ба истифода дода шуд
Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Бадахшон татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкориро бо 67 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид






