Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид

Июль 24, 2026 17:45

ДУШАНБЕ, 24.07.2027 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 июл дар Маҷмааи варзишии ноҳияи Данғара байни наврасони 12-14-сола мусобиқаи ноҳиявӣ оид ба гӯштини миллӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара хабар доданд.

Дар ҷараёни рақобатҳо наврасон маҳорати баланд, ҷасорат ва омодагии хуби варзишӣ нишон дода, барои дарёфти ҷойҳои ифтихорӣ муборизаи шавқовар анҷом доданд.

Дар фарҷоми мусобиқа ғолибон бо Диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Гӯштингирӣ яке аз намудҳои варзиши қадимии миллӣ буда, дар Тоҷикистон барои рушди он пайваста мусобиқаҳои сатҳи гуногун баргузор мегарданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара

Июль 24, 2026 17:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд