Бахшида ба Рӯзи байналмилалии кооператсия дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 04.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии кооператсия, ки ҳамасола шанбеи якуми моҳи июл таҷлил мегардад, дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзуи «Кооператсияи матлубот ва рушди он дар Тоҷикистон» ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ректори донишгоҳ Хайрулло Назарзода оид ба нақш ва саҳми кооператсияи матлубот дар рушди иқтисодиёти мамлакат ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум сухан намуд.
Изҳор гардид, ки мутобиқи Эъломияи Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид аз 16 декабри соли 1992 ва муқаррароти Алянси байналмилалии кооперативӣ дар тамоми ҷаҳон шанбеи аввали моҳи июл Рӯзи байналмилалии кооператсия ҷашн гирифта мешавад. Имсол иди касбии кормандони соҳаи кооператсияи матлубот ба 4 июл рост меояд.
Кооператсияи матлуботи Тоҷикистон ташкилоти ғайридавлатӣ, ҷамъиятию хоҷагӣ ва қисми таркибии кооператсияи ҷаҳонӣ буда, дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат нақшу мақоми намоён дорад.
Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Алянси байналмилалии кооперативӣ ва Лигаи иттифоқҳои кооператсияи матлуботи мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад, ки рисолати асосии он рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни иттифоқхои кооператсияи матлуботи мамлакатҳои аъзо ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар ин соҳа мебошад.
Гуфта шуд, ки барои фаъолияти босуботи кооператсияи матлуботи мамлакат, дастгирӣ ва ғамхориҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мусоидат намуд. Аз ҷумла, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 майи соли 1998, «Дар бораи тадбирҳои барқарор намудан ва инкишоф додани фаъолияти савдо, захиракунӣ ва истеҳсолии Иттифоқи Тоҷикматлубот» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 сентябри соли 2000 «Дар бораи дастгирии давлатии кооператсияи истеъмолкунандагон» қабул гардиданд, ки ин худ як дастгирии давлатии низоми кооператсияи матлуботи мамлакат мебошад. Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Тоҷикматлубот барои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ саҳми беназир гузошта истодааст.
Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки фаъолияти беш аз 100 солаи соҳаи кооператсияи матлуботи мамлакат бозгӯи он аст, ки низоми кооператсияи матлубот дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ, беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ободию шукуфоии мамлакат саҳми босазо дорад.
АКС: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон








Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст






