Байни Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон ва Вазорати озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 22.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи карантин ва ҳифзи растаниҳо ба имзо раисд.
Ёддошти тафоҳуми мазкур 21 июл дар Муғулистон пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Муғулистон табодул карда шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи бехатарии озуқаворӣ хабар доданд, Ёддошти тафоҳум аз 12 модда иборат буда, ҷонибҳо дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ барои манфиат ва беҳбуди мардуми ҳар ду давлат ҳамкориро густариш медиҳанд.
Имзои ин санад ба ташкил ва фароҳам овардани шароит дар барқарор намудани равобити бевоситаи субъектҳои соҳаи кишоварзӣ барои содирот ва воридоти маводи таҳти карантинӣ, беҳтар намудани мубориза бар зидди организмҳои зараррасони карантинӣ ва ҳавасманд гардонидани субъектҳои ба содироту воридот машғул мусоидат менамояд.
Инчунин тарафҳо барои расонидани ёрии илмӣ, техникӣ ва машваратӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳо оид ба ошкоркунӣ, пешгирӣ ва нобудсозии организмҳои зараррасони карантинӣ, мубодилаи таҷриба ва иттилоот бо мақсади таҳкими иқтидори таҳқиқоти нозиротӣ ва озмоишгоҳӣ дар соҳаи карантин ва ҳифзи растаниҳо ба мувофиқа расиданд.
Ёдовар мешавем, ки 21 июл пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Муғулистон маросими табодули санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд. Дар ҳузур ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух 12 санад табодул карда шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд






