Байни соҳибкорони Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамоишҳо доир мегарданд

Июль 28, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 28.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 28 то 30 июл байни соҳибкорони Тоҷикистону Узбекистон ба хотири густариши ҳамкории тиҷоратӣ вохӯрию ҳамоишҳо доир мегарданд. Дар назар аст, ки имрӯз дар шаҳри Хуҷанд ва 30 июл дар шаҳри Душанбе вохӯрию ҳамоишҳо байни соҳибкорон доир гарданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ин ҳамоишҳо беш аз 100 нафар истеҳсолкунандагону соҳибкорон ва намояндагони ширкатҳои бузурги Узбекистон иштирок менамоянд.

Ин ҳамоишҳо барои онҳое, ки мехоҳанд бо истеҳсолкунандагони боэътимод ҳамкориро оғоз кунанд, маҳсулотро бевосита аз корхонаҳо дастрас намоянд ва доираи тиҷораташонро васеъ созанд, имконияти хуб мебошанд.

Дар вохӯриҳо намояндагони соҳаҳои масолеҳи сохтмонӣ, мебел, нассоҷӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ, саноати кимиё ва дигар бахшҳо иштирок мекунанд.

АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 28, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд