Байни Тоҷикистон ва Амрико машваратҳои сиёсӣ баргузор шуданд

Июль 1, 2026 13:19

ДУШАНБЕ, 01.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 30 июн дар шаҳри Вашингтони ҳавзаи Колумбия даври даҳуми машваратҳои солонаи сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Пол Капур баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд, зимни машваратҳо ҷонибҳо раванди рушди муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи шарикии Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳида дар заминаи эҳтиром ва ҳамкории дарозмуддати мутақобилан судманд таъкид намуданд.

Дар рафти машваратҳо ҷонибҳо доир ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ, аз ҷумла мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷинояткории фаромарзӣ мубодилаи афкор анҷом дода, аҳамияти ҳамоҳангсозии минбаъдаи фаъолият дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ барои таҳкими сулҳу субот ва рушди устувори Осиёи Марказиро таъкид карданд.

Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколамаи сиёсӣ ва татбиқи пайгиронаи тавофуқҳои ҳосилшуда изҳор намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 1, 2026 13:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд