Байни Тоҷикистон ва Муғулистон Харитаи роҳ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 21.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Муғулистон маросими табодули санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид. Дар ҳузур ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух 12 санад, аз ҷумла байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон барои солҳои 2026-2028 Харитаи роҳ доир ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ табодул карда шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар доираи ин санад рушди ҳамкории тиҷоратӣ, растанипарварӣ, чорводорӣ, байторӣ ва соҳаи илм густариш меёбад.
Ин санади ҳамкорӣ ба афзоиши ҳаҷми савдои мутақобили маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ дар бозорҳои ду мамлкат мусоидат менамояд. Инчунин ҷонибҳо дар доираи ин ҳуҷҷат ташкили боздиди мутахассисони кишоварзии Муғулистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омӯзиши таҷрибаи Тоҷикистон дар соҳаҳои парвариши зироати ғалладонагӣ, боғпарварӣ, сабзавоткорӣ ва хокшиносиро ба роҳ мемонанд.
Дар назар аст, ки бо мақсади рушди қутоспарварӣ ва беҳтар намудани зоти қутос дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ дар масъалаи харидории қутосҳои наслдеҳ аз Муғулистон ва мубодилаи маводи зотпарварӣ, беҳтар намудани зоти чорвои хурд ва калони самти ширӣ, гӯштию ширӣ ва гӯштӣ низ бештар гардад.
Дар асоси ин санад мониторинги ҳолати эпизоотӣ дар ҳудуди ду давлат ва сари вақт огаҳ намудан аз ҳолати пайдоиши касалиҳо, инчунин фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои савдои чорво ва маҳсулоти чорводорӣ (эътирофи сертификатҳои байторӣ ва протоколҳои дахлдор) амалӣ мегардад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд






