Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон нахустин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 22.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 21 июл пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Муғулистон табодули санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид. Байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Муғулистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф табодул карда шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон ин нахустин санади байниидоравӣ дар соҳаи маориф ва илм мебошад. Ин санад барои ташаккули заминаи ҳуқуқии ҳамкории минбаъдаи ду мамлакат дар соҳаи маориф аҳамияти стратегӣ дорад.
Дар асоси ин санад рушди ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ, таҳкими робитаҳои мустақим байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду мамлакат ва табодули донишҷӯён, омӯзгорон, профессорону муҳаққиқон бештар мегардад.
Ҳамчунин ҷонибҳо дар доираи Ёддошти тафоҳум конфронсҳо, симпозиумҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои илмии муштарак доир менамоянд. Инчунин байни ду давлат татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, аз ҷумла барномаҳои дудиплома, рушди таҳсилоти омехта ва онлайн, мутобиқсозии барномаҳои таълимӣ ва ташаббусҳои муштарак ва ҳамкорӣ дар доираи барномаҳои байналмилалии бурсияҳо густариш меёбад.
Иттилоъ дода шуд, ки санади мазкур ба таҷрибаомӯзӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, ташкили даврҳои кӯтоҳмуддати тахассусӣ дар самтҳои иқтисод, технология, педагогика ва забонҳои хориҷӣ, табодули таҷрибаи байналмилалӣ ва рушди иқтидори илмӣ ва кадрӣ мусоидат мекунад.
Ёддошти тафоҳум барои баррасии минбаъдаи масъалаи таъсиси механизми табодули донишҷӯён ва ҷудо намудани квотаҳои таҳсилотӣ байни ду давлат низ заминаи мусоид фароҳам меорад. Қабули ёддошти мазкур қадами муҳим дар густариши муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ гардида, барои рушди робитаҳои академӣ, таҳкими ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, табодули таҷриба ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи маориф ва илм имконоти нав фароҳам меорад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






