Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кӯҳкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 22.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 21 июл пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Муғулистон маросими табодули санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид. Дар ҳузур ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух 12 санад, аз ҷумла Ёддошти тафоҳум миёни Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва захираҳои минералии Муғулистон табодул карда шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон ин нахустин санади байниидоравӣ дар соҳаи саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ мебошад.
Ёддошти тафоҳум мубодилаи таҷриба дар соҳаи назорати бехатарии истеҳсолот, такмили меъёрҳои техникӣ, баланд бардоштани сатҳи бехатарии саноатӣ, пешгирии садамаҳо ва омӯзиши мутахассисонро пешбинӣ менамояд. Ҳамчунин он барои истифодаи таҷрибаи пешқадам, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва рушди устувори соҳаи истихроҷи маъдан дар ҳар ду кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ёддошти тафоҳум ба таҳкими ҳамкории дуҷониба ва баланд бардоштани сатҳи бехатарии фаъолияти саноатӣ ва кӯҳкорӣ мусоидат хоҳад кард.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






