Байни вазоратҳои адлияи Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 30.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 29 июл дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон байни Корхонаи воҳиди давлатии «Қонуният»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маркази миллии иттилооти ҳуқуқии «Адолат»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Узбекистон доир ба таҳкими ҳамкории дуҷониба Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ин иқдом дар заминаи созишномаҳо ва тавофуқоти пештар бадастомада байни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Узбекистон амалӣ гардида, ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқ ва рақамикунонӣ равона шудааст.
Имзои Ёддошти тафоҳум ба таҳкими ҳамкории дуҷониба, табодули таҷриба, баланд бардоштани самаранокии фаъолият дар соҳаи иттилооти ҳуқуқӣ ва васеъ намудани дастрасӣ ба иттилооти ҳуқуқӣ барои доираи васеи истифодабарандагон мусоидат мекунад.
АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






