Байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Агентии Чин оид ба ҳамкории рушди байналмилалӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Июль 9, 2026 09:30

ДУШАНБЕ, 09.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Чин оид ба ҳамкории рушди байналмилалӣ Ёддошти тафоҳум оид ба лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаи рушд ва ҳамкории дуҷониба ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молия хабар медиҳад.

Ёддошти тафоҳум 7 июл дар Душанбе зимни мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Раиси Агентии Чин оид ба ҳамкориҳои рушди байналмилалӣ (CIDCA) Чэн Сяодун ба имзо расонида шуд.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самти ҷалби маблағҳои грантӣ ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки рушд баррасӣ шуданд. Аз ҷумла, ҷонибҳо вобаста ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва логистикӣ, энергетика, бахусус татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ва энергияи сабз, инчунин дастгирии соҳаҳои дигари ҷумҳурӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамзамон мусоҳибон оид ба густариши ҳамкорӣ дар самти рақамикунонии идоракунии молияи давлатӣ, таҳкими ҳамкории техникӣ, омодасозии мутахассисон ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки афзалиятнок табодули назар намуданд.

Таъкид гардид, ки тавсеаи ҳамкории дуҷониба ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок барои рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва таҳкими шарикии стратегии Тоҷикистону Чин аҳамияти муҳим дорад.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 9, 2026 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд