Байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва молияи Узбекистон Нақшаи ҳамкорӣ барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 01.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Узбекистон Нақшаи ҳамкорӣ барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Нақшаи ҳамкорӣ 30 июн дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон зимни мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Муовини Сарвазир – Вазири иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Узбекистон Ҷамшед Кучкаров ба имзо расонида шуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои иқтисод, молия, савдо ва сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба дурнамои нави таҳкими муносибатҳои ҳамкорӣ байни вазоратҳои молияи ду ҷумҳурӣ ибрози назар намуданд.
Файзиддин Қаҳҳорзода оид ба нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистон ва ислоҳоти сохторӣ дар самти идоракунии молияи давлатӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Таъкид гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон ба шарофати иродаи сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид






