БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ. Он барои такмили фаъолияти китобхонаҳо ва беҳтар шудани хизматрасонии китобдорӣ замина фароҳам меорад

Июль 4, 2026 09:30

ДУШАНБЕ, 04.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 30 июни соли равон дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии «Барномаи рушди китобхонаҳои деҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027–2031» қабул гардид. АМИТ «Ховар» дар ин робита мулоҳизаҳои коршиносро манзур менамояд.

— Ин иқдом дар баробари дигар иқдомҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз як ташаббуси наҷиб дар соҳаи китобдорӣ ба шумор меравад. Зеро мақсади асосии ин барнома мусоидат намудан ба рушди китобхонаҳои деҳот, ташаккули низоми такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва тайёр намудани мутахассисон, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва ба талаботи муосир мутобиқ кардани фаъолияти онҳо мебошад.

Тавре аз гузоришҳо бармеояд, ҳадафи барнома аз таъмини китобхонаҳои деҳот бо таҷҳизоти компютерӣ, пайвастшавии онҳо ба шабакаи интернет, ташкили махзанҳои электронии китобҳо ва баланд бардоштани саводнокии кормандони китобхонаҳо ва ҷалби бештари аҳолӣ, хусусан наврасону ҷавонон, ба китобхонӣ иборат мебошад.

Воқеан дар шароити имрӯза яке аз омилҳои муҳими пешрафти фаъолияти китобхонаҳо истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ аст, ки ба рушди воситаҳои компютерӣ ва шабакаҳои телекоммуникатсия робитаи зич дорад. Зеро истифодаи мақсадноки технологияҳои номбурда барои рушд ва такмили низоми кор фазои сифатан нави иттилоотӣ фароҳам меорад.

Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ҳидояту роҳнамоиҳои Сарвари давлат анъанаҳои неки китобхонӣ, китобу китобдорӣ, бунёди китобхонаҳои нав, нашри силсилаи асарҳои бадеӣ, илмӣ, таърихӣ, таълимӣ ва анвои дигари китобҳо вусъати ҳамаҷониба ёфт ва соҳаи китобдорӣ дар мамлакат беш аз пеш рӯ ба инкишоф ниҳод.

Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои наврасону ҷавонон дар китобхонаҳои давлатӣ–оммавӣ шароити мусоиди китобхонӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, солҳои охир дар ин самт тағйироти ҷиддӣ ба вуқуъ пайваста, таваҷҷуҳи хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди китобхонаҳо, маблағгузории чопи осори гузаштагони соҳибкитоби мо, муҳайё намудани шароити мусоид барои зиёиёни эҷодкор ва тарғиби китобхонӣ дар суханрониҳояшон қобили зикри алоҳида мебошад. Ҳар шахси соҳибфарҳанг, хусусан ҷавонон бояд аз ин имкониятҳо истифода намуда, барои донишандӯзӣ ва хештаншиносӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд ва ҳамзамон дар тарғиби китобхониву китобдӯстӣ дар ҷомеа саҳм гузоранд.

Маврид ба таъкид аст, ки эълони Озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Шоҳномахонӣ» ва «Илм-фурӯғи маърифат», ки барои тамоми қишрҳои ҷомеа нигаронида шудаанд, бозгӯи таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба тарғиби китобхонӣ ва баланд бардоштани маърифати китобхонӣ мебошад.

Дар ин замина китобхонаҳо бояд аз раванди босуръати тараққиёти технологияи муосири иттилоотӣ-телекоммуникатсионӣ дар канор набошанд. Онҳо аз имкониятҳои нави ҷомеаи иттилоотӣ барои васеъ намудан ва боз ҳам беҳтар гардонидани сифати хадамоти китобдорӣ–иттилоотӣ самаранок истифода баранд, вагарна мавқеи иҷтимоии онҳо дар ҷомеаи мутамаддин ноустувор гардида, теъдоди истифодабарандагони онҳо коҳиш хоҳад ёфт. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо иброз доштанд: «…ҳар қадар фарзандони миллат китобхон бошанд, ҳамон қадар миллат неруманд мешавад». Мақсад аз ин гуфтаҳо ҷалби наврасону ҷавонон ба китобу китобхона ва фароҳам овардани шароити созгор барои онҳо мебошад. Муҳаббат ва эътиқод ба китоб, муҳаббат ва эътиқод ба дониш ва хирад аст. Наврасону ҷавонони мо ҳар қадар китобдӯсту китобхон бошанд, ҳамон қадар фаъол ва ба ҷомеа нафърасон хоҳанд шуд.

Хулоса, мо ворисони шахсиятҳое ҳастем, ки дар саҳифаи таърихи миллат ва тамаддуни ҷаҳон бо осори гаронарзишу пурғановати худ мақоми шоиста касб кардаанд. Аз ин рӯ, дарки масъулияти баланди ворисият моро водор месозад, ки сабақи китобхонӣ, китобдорӣ, китобнависӣ ва муҳимтар аз ҳама, баҳрабардории амиқу самарбахш аз мазмуну асрори китобро на танҳо ба фарзандони худ, балки ба насли бани башар омӯзонем.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки қабули «Барномаи рушди китобхонаҳои деҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027–2031» як такони ҷиддие дар рушди соҳаи китобдорӣ мебахшад. Ҳамзамон барои насли навраси деҳот, ки ташнаи донишу маърифат мебошанд ва зиёд мехоҳанд дар озмунҳои китобхонӣ иштирок намоянд, ин барнома шароити хубтару беҳтари китобхониро фароҳам меорад.

Зафари ШАРИФ,
директори Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилали
рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Июль 4, 2026 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Осорхонаи миллӣ дар Тоҷикобод намоиши сайёри осорхонавӣ ташкил намуд
Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026–2030» қабул гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон, Истиқлол ва ноҳияҳои Вахш, Восеъ ва Ашт доир мегардад
ИМРӮЗ–РӮЗИ ТАЪСИСИ БОЗРАСИИ ДАВЛАТИИ АВТОМОБИЛӢ. Амнияти ҳаракат дар роҳ самти асосии фаъолияти ин мақомот мебошад
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Дастнависҳо – мероси фарҳангии миллат» ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ доир шуд
Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барги гелос барои бемориҳои сулфа, диққи нафас ва ҷароҳати гӯш фоидаовар аст
СУЛҲ НЕЪМАТЕСТ, КИ ТАМОМИ МИЛЛАТҲОВУ ДАВЛАТҲО БА ОН НИЁЗ ДОРАНД. Мулоҳизаҳои академик Қобилҷон Хушвахтзода дар ин мавзуъ
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Китобхонаҳо ва марказҳои омӯзишӣ барои рушди зеҳнии хонандагон чӣ имконият фароҳам меоранд?
Дар Тоҷикистон «Барномаи рушди китобхонаҳои деҳот барои солҳои 2027–2031» амалӣ мешавад
Дар Осорхонаи миллӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда ҳамоиш баргузор гардид