БАРНОМАИ РУШДИ РОҲНАМОИ КАСБ. Татбиқи он имкон медиҳад, ки шумораи аҳолии бо ҷойи кор таъминшуда ҳамасола 2-2,2 фоиз афзоиш ёбад
ДУШАНБЕ, 31.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 28 июл таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он «Барномаи рушди роҳнамои касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул карда шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Носирзода иттилоъ дод, ҳадафи асосии барнома фароҳам овардани замина барои интихоби касб, мусоидат ба бокортаъминшавии шаҳрвандон, фарогирии онҳо ба таҳсилоти касбӣ ва гирифтани таҳсилоти касбии иловагӣ мебошад. Татбиқи он ба ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор дар самти омодасозии мутахассисони соҳибкасб ва мутобиқ намудани захираҳои меҳнатӣ ба талаботи бозори меҳнат мусоидат хоҳад кард.
Иттилоъ дода шуд, ки мувофиқи барномаи қабулгардида, дар давраи солҳои 2026–2030 дар маҷмуъ ба 300 ҳазор нафар шаҳрвандон хизматрасонии роҳнамоӣ ва машварати касбӣ расонида мешавад. Аз ҷумла, 90 ҳазор бекорон, 40 ҳазор ҷавонон, 30 ҳазор занон ва 140 ҳазор хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ин хизматрасониҳо баҳра мебаранд.
Ҳамзамон дар доираи амалисозии барнома гузаронидани 30 таҳқиқоти сотсиологӣ, таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои хизматрасониҳои роҳнамоӣ ва машварати касбӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисони соҳа ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ пешбинӣ гардидааст.
Ба иттилои Давлат Носирзода, амалисозии барнома имконият медиҳад, ки ҳамасола шумораи аҳолии машғули кор 2-2,2 дар сад афзоиш ёбад. Инчунин барои рушди устувори бозори меҳнат ва таъмини иқтисодиёти давлат бо кадрҳои соҳибкасб шароити бештар фароҳам оварда шавад.
«Барнома хусусияти иҷтимоӣ дошта, идомаи сиёсати пайгиронаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини кафолатҳои давлатии иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои дастрасии васеи аҳолӣ ба меҳнати арзанда мебошад»,–афзуд ҳамсуҳбат.
Яке аз самтҳои муҳими барнома рушди касбии насли ҷавон, аз ҷумла ҷавонон ва занон мебошад. Дар он ба масъалаҳои баробарии имконият, баланд бардоштани сатҳи маърифати касбии аҳолӣ ва тақвияти имконияти бокортаъминшавии гурӯҳҳои осебпазири бозори меҳнат таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст.
Дар доираи татбиқи барнома хизматрасониҳои роҳнамоӣ ва машварати касбӣ густариш ёфта, барои беҳтар намудани сатҳу сифати онҳо ва фарогирии ҳарчи бештари шаҳрвандон шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад. Он инчунин ба беҳтар намудани низоми интихоби касб, баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ ва рушди захираҳои инсонӣ мусоидат мекунад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлатӣ дар самти шуғли аҳолӣ, омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ва фароҳам овардани шароити мусоид барои интихоби дурусти касб тадбирҳои пайваста амалӣ мегарданд.
Дар ин замина Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки дар айни замон дар ҷумҳурӣ 52 маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир фаъолият дорад. Дар онҳо шаҳрвандон аз рӯйи касбҳои мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд. Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти вазорат омода намудани шаҳрвандон тибқи талаботи бозори меҳнат, рушди касбомӯзӣ ва баланд бардоштани малакаи касбӣ мебошад.
Маълумот дода шуд, ки дар марказҳои касбомӯзӣ беш аз 20 касби серталаб омӯзонида мешавад.
Ба иттилои вазир, талаботи бештар ба мутахассисон дар соҳаҳои сохтмон, меъморӣ, энергетика, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, геология ва бахши хизматрасонӣ ба назар мерасад. Аз ҷумла, дар марказҳои касбомӯзӣ ба шаҳрвандон касбҳои роҳбалад, таъмиргари асбобҳои рӯзгор, пешхизмат, маъмури меҳмонхона, тарабхона, кафшергари газию барқӣ, таъмиргари техникаи кишоварзӣ, заргар, ошпаз, қаннод, андовачӣ, челонгари таҷҳизоти санитарию техникӣ ва мутахассис оид ба истифода ва хизматрасонии лифт омӯзонида мешаванд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар шаш моҳи соли 2026 61 ҳазору 125 шаҳрванд ба омӯзиши касб фаро гирифта шуданд. Аз ин шумора танҳо дар шаш маркази рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ 12 ҳазору 222 нафар соҳиби касб ва сертификати дорои стандарти байналмилалӣ шуданд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд






