«Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла барои солҳои 2026–2030» панҷ самтро фаро мегирад

Июль 1, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 01.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 30 июн дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, «Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» қабул гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Иттилоъ дода шуд, ки Барномаи мазкур панҷ самти асосӣ–ташкил ва рушди боғҳои тут, воридоти тухмии кирмак, парвариши кирмак, истеҳсоли пилла ва маҳсулоти тайёрро фаро гирифта, ба рушди ин соҳа нигаронида шудааст.

Таъкид шуд, ки мақсади асосии Барнома зиёд намудани истеҳсоли пилла, таъмини шуғли аҳолӣ, рушди содирот, ҷалби сармоя ва муосиркунонии технологияҳои коркарди пилла ба шумор меравад.

Татбиқи Барнома шароит фароҳам меорад, ки барои рушди соҳаи кирмакпарварӣ, ки яке аз бахшҳои муҳими кишоварзӣ ва саноати сабуки мамлакат ба ҳисоб меравад, мусоидат намояд. Инчунин барои афзоиши истеҳсоли ашёи хоми ватанӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти пиллагӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Коркарди пилла низ яке аз омилҳои муҳими татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат дар самти саноатикунонии босуръат, рушди истеҳсолоти ватанӣ ва баланд бардоштани арзиши иловагии маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.

Дар доираи амалишавии Барнома барои рушди инфрасохтори соҳа, дастгирии истеҳсолкунандагон, истифодаи технологияҳои муосир ва тақвияти ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ амалӣ карда мешаванд.

Ҳамчунин барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани даромади аҳолии деҳот ва афзоиши иқтидори содиротии мамлакат тадбирҳои зарурӣ пешбинӣ шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2022 номинатсияи муштараки Тоҷикистон «Кирмакпарварӣ ва истеҳсоли анъанавии абрешим барои бофандагӣ» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 1, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд