Барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил сохтори нав таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 21.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 то 31 октябри соли 2030 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузории ин маъракаи сиёсӣ чӣ тадбир меандешад? Дар робита ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» директори ин ниҳод Ҷамшед Нурмуҳаммадзода 20 июл зимни нишасти матбуотӣ чунин посух дод:
«Барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил аз моҳи июли соли 2026 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори нав таъсис дода мешавад. Ин сохтор аз 13 воҳиди корӣ иборат мебошад/ Ҳамчунин аз соли 2027 бо қарори раисони шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ноҳияҳо воҳиди корӣ таъсис дода мешавад. Инчунин аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи муайян барои харидани таҷҳизот ҷудо мегардад».
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода иброз намуд, ки барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил манбаи муҳими маълумоти оморӣ буда, барои муайян намудани вазъи воқеии аҳолӣ ва шароити зиндагии онҳо аҳамияти калон дорад. Натиҷаҳои он барои рушди устувори мамлакат ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии шаҳрвандон истифода мешаванд.
Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил маъракаи муҳими сиёсӣ буда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар даҳ сол як маротиба гузаронида мешавад. Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат солҳои 2000, 2010 ва 2020 маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ гузаронида шудааст. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 то 31 октябри соли 2030 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад.
Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ» ташкили тайёрӣ, гузаронидан, коркард, ҷамъбаст, нашри натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил ба зиммаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад.
Дар Фармони Президенти ҷумҳурӣ чунин омадааст: «Барои сари вақт ва дар сатҳи баланд ташкил намудану гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2030 ва зиёд кардани андозаи музди миёнаи кормандони ҷалбгардида нисбат ба басти вазифавии кормандони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,5 маротиба пешбинӣ карда шавад».
Тибқи Фармони Президенти Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории корҳо оид ба тайёрӣ, гузаронидан, ҷамъбаст ва нашри натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2030-ро аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2026-2033 ва грантҳои ташкилоти байналмилалӣ амалӣ менамояд.
Ҳамчунин вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба мақомоти давлатии омор барои босифат ва сари вақт гузаронидани ин чорабинӣ ёрии ҳаматарафаи амалӣ мерасонанд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд






