Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид

Июль 27, 2026 13:40

ДУШАНБЕ, 27.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи татбиқи барномаи хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ барои кормандони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 25-26 июли соли 2026 хатсайри сайёҳии Душанбе – Балҷувон – Ховалинг – Душанбе ташкил гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар доираи хатсайр кормандони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва аъзои Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон аз мавзеъҳои муҳими таърихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии ноҳияҳои Балҷувон ва Ховалинги вилояти Хатлон боздид намуданд.

Иштирокчиён нахуст ба тамошои Муассисаи давлатии «Маркази таърихию фарҳангии Балҷувон» рафта, бо таърихи ин ёдгории қадимӣ, нақши он дар таърихи давлатдории тоҷикон ва имконияти сайёҳии ноҳия шинос шуданд. Дар марказ толори намоишӣ, осорхонаи таърихӣ, китобхона ва гӯшаҳои махсуси фарҳанги миллӣ мавҷуд буда, дар онҳо намунаҳои нодири санъати дастӣ, нигораҳои қадимӣ, ашёи рӯзгори ниёгон ва дигар осори арзишманди таърихию фарҳангӣ ба намоиш гузошта шудаанд.

Сипас меҳмонон аз Осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳияи Балҷувон боздид намуда, бо бозёфтҳои бостоншиносӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва намунаҳои ҳунарҳои мардумии минтақа шинос гардиданд. Ҳамчунин иштирокчиёни хатсайр ба Оромгоҳи Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ (Заробӣ) рафта, бо таърихи ин мавзеи муқаддас ва имконоти рушди зиёратсайёҳӣ дар минтақа ошно шуданд.

Дар идома ба ноҳияи Ховалинг сафар карда, иштирокчиён аз Мақбараи Султон Увайси Қаранӣ боздид намуданд. Дар ин мавзеъ ба меҳмонон оид ба таърихи ёдгорӣ, аҳамияти маънавию фарҳангӣ ва имконияти рушди зиёратсайёҳӣ маълумот пешниҳод гардид.

Шоми ҳамон рӯз барои иштирокчиён барномаи фарҳангиву маърифатӣ ташкил шуда, онҳо филми ҳунарии «Марде аз сарнавишт»-ро тамошо карданд. Баъд аз он бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид, ки дар он иштирокдорон оид ба аҳамияти Истиқлоли давлатӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши он дар рушди соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сайёҳӣ табодули назар намуданд.

Рӯзи дуюми хатсайр аз боздиди иштирокчиён аз Маҷмааи сайёҳии Ховалинг оғоз гардид. Ба онҳо имконияти фароғатӣ, инфрасохтори сайёҳӣ, табиати нотакрор ва иқтидори рушди сайёҳии таърихӣ, фарҳангӣ ва экологӣ дар ноҳия муаррифӣ карда шуд.

Ҳамзамон иштирокчиён дар деҳоти ба номи Ғаффор Мирзои ноҳияи Ховалинг аз Деҳкадаи сайёҳӣ боздид намуданд. Ба меҳмонон шароити истироҳату фароғат, инфрасохтори сайёҳӣ ва имконоти рушди сайёҳии экологию оилавӣ муаррифӣ гардид. Ин мавзеъ бо мақсади муаррифии тарзи ҳаёти суннатии мардуми тоҷик бунёд гардида, дар тарҳи он унсурҳои меъмории миллӣ таҷассум ёфтаанд.

Иштирокчиёни хатсайр инчунин Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ ва боғи атрофи онро, ки дорои нигораҳои таърихӣ ва намунаҳои мероси фарҳангии минтақа мебошанд, тамошо карданд. Ҳамчунин аз Маҷмааи варзишию сайёҳӣ дар деҳаи Дараи Мухтори ноҳияи Ховалинг боздид ба амал оварда шуд.

«Бояд гуфт, ки хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ бо мақсади муаррифии имконияти бойи таърихиву фарҳангӣ ва табиии Тоҷикистон, рушди сайёҳии дохилӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии кормандони мақомоти давлатӣ ташкил  гардидаанд», — тазаккур доданд дар шуъбаи рушди сайёҳии пойтахт.

Ёдовар мешавем, ки татбиқи ин иқдом дар асоси дастури Раиси шаҳри Душанбе ва бо иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди сайёҳии дохилӣ ба роҳ монда шуда, баргузории чунин силсилахатсайрҳо ба минтақаҳои гуногуни сайёҳии кишвар то моҳи октябри соли 2026 идома хоҳад ёфт.

 

АКС: шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Июль 27, 2026 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд