Барои омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб хобгоҳи 10-ошёна сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 30.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тадбирҳои созандагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди бинои нави таълимӣ ва хобгоҳи муосири 10-ошёна барои омӯзгорону донишҷӯён аз ҷониби Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Дар ин хусус Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Мунир Сафарзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Иброз гардид, ки бо мақсади таҳкими заминаи моддию техникӣ 58 синфхона пурра таъмиру таҷдид гардида, дар доираи иқдоми донишгоҳии «Пайванди наслҳо» 33 синфхона ва якчанд озмоишгоҳ таҷдид шуда, ба номи устодони собиқадори донишгоҳ гузошта шуданд.
Имрӯз дар донишгоҳ 63 ихтисос амал намуда, шумораи умумии донишҷӯён ба 10 032 нафар расидааст. Натиҷаи сессияи тобистонаи хатмкунандагони шуъбаи рӯзона 83 фоизро ташкил дода, сифати таҳсил низ нисбат ба соли 2025 беҳтар гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки 493 омӯзгор ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул буда, дар нимсолаи якум 14 омӯзгор рисолаи номзадӣ ҳимоя намуда, 6 нафар соҳиби унвони илмии дотсент гардид. Ҳамзамон аз рӯйи нишондиҳандаи фаъолияти муассисаҳо ҳамчун муассисаи тақриздиҳандаи рисолаҳои илмӣ донишгоҳ сазовори мақоми 5-ум гардид.
Дар нишаст таъкид гардид, ки барои рушди малакаҳои касбии омӯзгорон дар маркази таълимӣ-машваратии «Дурахшон» машғулияти ройгони омӯзиши забонҳои хориҷӣ ташкил гардида, пахши дарсҳои видеоӣ тавассути сомонаи донишгоҳ оғоз гардидааст.
АКС аз бойгонӣ








Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст






