Барои соли таҳсили 2026–2027 тибқи квотаи президентӣ 1670 ҷой ҷудо карда шуд

Июль 21, 2026 16:20

ДУШАНБЕ, 21.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Барои соли таҳсили 2026–2027 дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1670 ҷой ҷудо шудааст, ки нисбат ба соли таҳсили 2024–2025  401 адад зиёд мебошад. Дар ин хусус Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода 20 июл зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Маълумот дода шуд, ки аз шумораи умумии квотаҳои ҷудогардида 210 ҷой ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 650 ҷой ба вилояти Хатлон, 446 ҷой ба вилояти Суғд ва 364 ҷой ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рост меояд.

Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз иқдомҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, ҳадафи он фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷавонони лаёқатманд, махсусан хатмкунандагони муассисаҳои таълимии деҳаҳои дурдаст ва минтақаҳои кӯҳистони мамлакат мебошад.

Бояд гуфт, ки дар асоси пешниҳоди вазорату идораҳои дахлдор ва эҳтиёҷи мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол «Нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи квотаи президентӣ» аз рӯи ихтисосҳои барои соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат заруриро дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. Ин қарор барои танзими минбаъдаи қабули донишҷӯён тибқи квота асос шуда метавонад.

Ёдовар мешавем, ки Сарвари давлат соли 1997 дар Анҷумани сеюми Иттиҳоди занон пешниҳод намуданд, ки квотаи махсус барои таҳсили духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ҷудо шавад.

Тибқи дастури Сарвари давлат нафароне бояд ба тариқи квотаи президентӣ донишҷӯ шаванд, ки дониши хуб, рафтори намунавӣ ва майлу рағбати беандоза ба касби интихобшуда дошта бошанд. Инак, 29 сол мешавад, ки озмуни қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳадафи дастгирии духтарону писарони деҳоти дурдасти мамлакат баргузор мешавад.

Тавре Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 марти соли 2025 зимни мулоқот бо занону духтарон бахшида ба Рӯзи Модар иброз доштанд, «танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм намудаанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 ҳазор духтарон баъди хатми муассисаҳои таҳсилоти олӣ соҳиби маълумоти олӣ ва касбу ҳунар гардиданд. Яъне, шумораи духтарону занони соҳиби маълумоти олӣ нисбат ба давраи қабл аз истиқлол қариб чор баробар афзудааст».

Ин иқдом дар омода намудани мутахассисони соҳибкасб ва таъмини соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ бо кадрҳои баландихтисос нақши муҳим дорад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 21, 2026 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
Соли 2027 дар Душанбе ҷаласаи 49-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин доир мегардад
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
Пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ азм доранд 25 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Нуробод бо иштироки муовини Сарвазир оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир дар соҳаи саноат баррасӣ гардид
Роҳбарияти «Амонатбонк» дар Шанхай дар саммити байналмилалии «Huawei Connect 2026» иштирок намуд
РОҲИ БЕҲТАР ВА БЕХАТАР. Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муддати 8-10 соат то шаҳри Душанбе мерасанд
Дар вилояти Суғд нақшаи ҷамъоварии пахта беш аз 140 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст