Бартарафсозии оқибатҳои сел дар Рӯшон таҳти назорати Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад
ДУШАНБЕ, 22.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 июл дар натиҷаи фаромадани сел ба деҳаҳои Баррӯшон ва Деҳрӯшони ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 40 манзили истиқоматии шаҳрвандон зарар дидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бар асари баланд шудани ҳарорати ҳаво ва об шудани барфу пиряхҳои баландкӯҳ дар деҳаи Баррӯшон сел ҷорӣ шуда, ба манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон зарар расонид. Ҳамон рӯз дар деҳаи Деҳрӯшони Ҷамоати деҳоти Назаршоҳ Додихудоев низ сел ба хонаҳои истиқоматӣ, заминҳои кишоварзӣ, майдончаи варзишӣ, кӯчаҳо ва роҳравҳо хисорот ворид намуд.
Тибқи маълумоти пешакии кумита, дар деҳаи Баррӯшон 10 хона пурра, 6 хона қисман ва 14 хона сабук осеб дидааст. Дар деҳаи Деҳрӯшон 4 хона қисман ва 6 хона сабук зарар дидааст. Дар маҷмуъ, аз офати табиӣ 198 нафар аъзои оилаҳо зарар дидаанд.
Аз ҷониби кумита ба минтақаҳои зарардида гурӯҳи корӣ ва техникаҳои махсус равона гардида, Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи вилоят якҷо бо мутахассисони кумита баҳогузории пешакии хисоротро анҷом дода истодаанд. Барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ дар минтақаҳои зарардидаи ноҳия 3 боркунаки фронталӣ ва 2 техникаи экскаватор ба корҳои барқарорсозӣ ҷалб гардидаанд.
Ҳамзамон оид ба бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти раёсати раиси вилоят Шарифхон Сафарзода ҷаласа баргузор гардид. Дар ҷаласа таъкид шуд, ки хонаҳои сокинони аз офати табиӣ зарардида бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурра барқарор карда мешаванд. То анҷоми корҳои сохтмонӣ соҳибони онҳо ба идораю муассисаҳои вилоятӣ ва ноҳияи Рӯшон вобаст карда шуданд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат масъулин вазифадор гардиданд, ки дар муҳлати як моҳ барои зарардидагон хонаи истиқоматӣ бунёд намоянд.
Дар айни замон дар минтақаҳои зарардида тоза намудани маҷрои сел, барқарорсозии роҳҳо ва дигар иншооти инфрасохторӣ идома дошта, ҷараёни корҳои барқарорсозӣ таҳти назорати доимии мақомоти давлатӣ қарор дорад.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






