Беш аз 1500 нафар аз шаҳри Душанбе дар асоси иҷрои Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба озодӣ баромаданд

Июль 24, 2026 13:40

ДУШАНБЕ, 24.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» 1597 нафар сокинони шаҳри Душанбе аз муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ба озодӣ баромаданд. Ҳамзамон 175 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 193 нафар қатъ карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, инчунин нисбат ба 20 нафаре, ки барои  содир намудани ҷиноятҳои гуногун дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштанд, бе ҳозиршавии шахсии онҳо парвандаҳои ҷустуҷӯӣ қатъ гардида, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуданд.

Вобаста ба ин, аз ҷониби милитсияи пойтахт дар ҳамоҳангӣ бо дигар мақомоти дахлдор барои мутобиқсозии шахсони озодшуда ба ҳаёти осоиштаи ҷамъиятӣ, пешгирии содиршавии ҷиноятҳои такрорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, расонидани кумак дар масъалаҳои иҷтимоӣ ва ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намудани онҳо тадбирҳои мушаххаси профилактикӣ ва фаҳмондадиҳӣ амалӣ карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 16 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд ва баъд аз қабули қонун ба он имзо гузоштанд.

Қонуни авф нисбат ба 18 ҳазору 38 нафар маҳкумшуда татбиқ мегардад. Аз ҷумла, аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ, муассисаҳои сукунатӣ ва ҷазоҳои дигари ба маҳрумӣ аз озодӣ алоқаманднабуда 11 ҳазору 305 нафар озод мешаванд. Муҳлати адонагардидаи ҷазои 6733 нафар кам карда мешавад.

Қонун нисбат ба занон ва ноболиғон имтиёзҳои бештарро пешбинӣ мекунад. Аз 507 нафар занон, ки адои ҷазо менамоянд, 248 нафар аз адои боқимондаи ҷазо озод мегарданд ва нисбат ба 259 нафар муҳлати адои ҷазо кам карда мешавад. Аз 134 нафар ноболиғе, ки адои ҷазо менамоянд, 99 нафар аз адои боқимондаи ҷазо озод гардида, нисбат ба 35 нафар муҳлати боқимондаи адои ҷазо кам карда мешавад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» инчунин нисбат ба шахсоне, ки парвандаи онҳо дар пешбурди мақомоти судӣ, таҳқиқ ва тафтиш қарор дорад, татбиқ мегардад.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

Июль 24, 2026 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?