Беш аз 5 миллион нафар дар Тоҷикистон муштариёни интернети мобилӣ мебошанд

Июль 9, 2026 18:30

ДУШАНБЕ, 09.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон шумораи умумии истифодабарандагони интернети мобилӣ ва собит ба 5,5 миллион расидааст, ки аз ин шумора 5,3 миллион нафари он муштариёни интернети мобилӣ мебошанд. Дар ин хусус 8 июл сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Шумораи умумии муштариёни пайвастшуда ба шабакаҳои алоқаи барқӣ бошад 8,2 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод 6,1 миллион муштариёни фаъоли алоқаи мобилӣ мебошанд.

Тибқи иттилои хадамот, дар ҷумҳурӣ интернет аз ҷониби 6 ширкати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва 30 ширкати хизматрасониҳои алоқаи собит таъмин гардида истодааст.

Дар баробари ин бо мақсади таъмини иҷрои талаботи ҳатмии қонунгузорӣ ва «Талаботи ҳадди ақал ба сифати хизматрасонии алоқаи барқӣ», дар давраи ҳисоботӣ нисбат ба ширкатҳои мобилӣ, шахсони мансабдор ва масъулони марказҳои хизматрасонӣ ба маблағи 605 ҳазору 310 сомонӣ ҷарима таъин гардида, ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд. Ин тадбирҳо ба баланд бардоштани масъулияти субъектҳои соҳа ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ мусоидат намуданд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар» 

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 9, 2026 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд