Беш аз 60 маркази шаҳру ноҳияҳо бо нақшаи генералӣ таъмин мебошанд

Июль 30, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 30.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон 65 маркази шаҳру ноҳияҳо пурра бо нақшаи генералӣ таъмин мебошанд. Дар ин хусус ба намояндагони расонаҳои хабарӣ Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Низом Мирзозода иброз дошт, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти кумита таъмини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо нақшаҳои генералӣ ва нақшаҳои муфассали банақшагирии маҳал мебошад. Аз ҷониби кумита таҳия ва тасҳеҳи нақшаҳои генералӣ ва лоиҳаҳои муфассали банақшагирии шаҳру ноҳияҳо идома дорад.

Иброз гардид, ки пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ ва корхонаҳои воҳиди давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 ба маблағи 27 миллиону 729 ҳазору 968 сомонӣ корҳои лоиҳакашӣ, хизматрасонӣ ва ҷустуҷӯию таҳқиқотиро ба анҷом расониданд, ки 127,6 фоизи ҳамин давраи соли 2025-ро ташкил намуд.

Яке аз самтҳои фаъолияти кумита танзими меъёрию техникӣ дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон мебошад. Мувофиқи нақшаи корҳои илмию таҳқиқотӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯӣ, соли 2026 аз ҷониби воҳидҳои сохтории дахлдори кумита 22 номгӯй корҳо мавриди таҳия ва коркард қарор гирифтанд.

Ширинмоҳ ҚОСИМӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 30, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст