Беш аз 6000 шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Чин таҳсил менамоянд

Июль 30, 2026 10:21

ДУШАНБЕ, 30.07.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Дар айни замон беш аз 6000 шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳсил менамоянд. Ин матлаб 29 июл дар вохӯрии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Го Ҷитсзюн иброз гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои маориф ва илм, омодасозии кадрҳои баландихтисос, табодули донишҷӯёну омӯзгорон, омӯзиши забони чинӣ, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ ва анҷом додани таҳқиқоти илмиро баррасӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ фаъолияти Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин- Коргоҳи Лубан дар назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон намунаи муваффақи ҳамкории амалӣ дар самти омодасозии кадрҳои муҳандисӣ ва омӯзиши технологияҳои муосир арзёбӣ шуд.

Инчунин масъалаи таъсиси Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишгоҳи давлатии Данғара ва Коргоҳи нави Лубан дар назди Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар вохӯрӣ ба рушди ҳамкорӣ дар самтҳои зеҳни сунъӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, таъсиси озмоишгоҳҳо ва марказҳои муштараки таҳқиқотӣ, таҳияи барномаҳои таълимӣ, такмили ихтисоси омӯзгорону муҳаққиқон ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки инноватсионӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Таъкид шуд, ки рушди муносибатҳои таълимию илмӣ ба таҳкими дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Чин мусоидат менамояд.

АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 30, 2026 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд