Бо иштироки олимони бостоншинос филми мустанади «Хутали қадим» таҳия гардид
ДУШАНБЕ, 07.07.2026. /АМИТ «Ховар»/. Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мутахассисони Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» филми мустанади «Хутали қадим»-ро бо иштироки олимони бостоншиноси ватанӣ ва хориҷӣ таҳия намуда, ба анҷом расонид, ки аз ҷониби иштирокчиён сазовори баҳои баланд гардид. Дар ин хусус директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷазода 6 июл зимни нишасти матбуотии ин ниҳод хабар дод.
Иттилоъ дода шуд, ки Агентӣ дар нимсолаи аввали соли равон як зумра чорабиниҳо, аз ҷумла Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим-пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ»-ро бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корпусҳои дипломатии хориҷӣ дар Тоҷикистон, вазорату кумита, идораҳои ҷумҳурӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намуд.
«Дар ин давра китоби «Древний Хутал» бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ, русӣ ва форсӣ таҳия ва нашр гардид. Дар назди Агентӣ маҷаллаи «Ҳифзи мерос» ташкил гардид, ки бо забонҳои забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ чоп мегардад »,-гуфта шуд дар нишаст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд






