Бо мақсади муаррифии васеи Тоҷикистон як зумра филмҳои мустанад ба забони англисӣ тарҷума ва дубляж гардиданд
ДУШАНБЕ, 08.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи якуми соли равон бо мақсади муаррифии васеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ як қатор филмҳои мустанад, аз ҷумла «Қалъаи Муғ», «Сада – талояи Наврӯзи навбаҳор», «Наврӯзнома», «Зодрӯзи хуршед», «Ҷилои Наврӯз», «Тоҷи миллат. Маҷмааи Истиқлол», «Ганҷи таърих» ва «Ганҷи абадияти хирад» ба забони англисӣ тарҷума ва дубляж гардиданд. Дар ин хусус 6 июл зимни нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар нишаст ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра қариб 40 филми илмӣ-оммавии баландсифат ба забони тоҷикӣ тарҷума ва дубляж шуда, барои пахш омода гардиданд. Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» низ 41 филми гуногунжанри ватанӣ таҳия ва 48 филми хориҷиро ба забони тоҷикӣ тарҷума намуд.
«Байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Медиакорпоратсияи Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Ин санад барои густариши ҳамкорӣ дар самти табодули барномаҳо, истеҳсоли филмҳои муштарак, омӯзиши кадрҳо ва татбиқи технологияҳои муосири телевизионӣ заминаи мусоид фароҳам овард»,-ёдовар шуданд дар нишаст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид






